Пешвои миллат: «Бекор мондани ҳазорҳо гектар замин нишонаи саҳлангориву бемасъулиятист»

Август 4, 2017 11:06

ДУШАНБЕ, 4.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Соли гузашта дар ноҳияи Шаҳритус ба маблағи 563 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2006-ум 229 миллион сомонӣ ё қариб 50 фоиз зиёд мебошад».  Ин нуктаро имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон изҳор дошта, таъкид намуданд, ки «тибқи таҳлилҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 10 соли охир мунтазам афзоиш ёфта, бахусус дар ин давра истеҳсоли ғалладонаву картошка, сабзавоту полезӣ ва меваю ангур бамаротиб зиёд шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ низ тадриҷан афзудааст».

Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар баробари ин пешравиҳо, истеҳсоли пахта, ки яке аз навъҳои асосии маҳсулоти содиротӣ ва манбаи хуби ҷойи корӣ мебошад, дар соли 2016 нисбат ба соли 2006 қариб 8 ҳазор тонна кам гардидааст. «Се сол қабл ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия дар назди роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута доир ба ҳалли як қатор масоили ҳалталаб, аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати мелиоративии панҷуним ҳазор гектар замин вазифаҳои мушаххас гузошта будем. Аммо тибқи маълумот то ба имрӯз дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида нашудаанд.  Ҳоло бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ ва шӯршавию ботлоқшавӣ дар ноҳия зиёда аз панҷ ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ба партов мубаддал гардидаанд»,-таъкид карданд Сарвари давлат.

Дар идомаи суханронии худ Пешвои миллат истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб заминро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуда,   вазъи бекор мондани ҳазорҳо гектар заминро нишонаи саҳлангориву бемасъулиятии масъулин ҳисобиданд. Аз ин лиҳоз ба роҳбарону мутахассисони вилоят ва ноҳия дастур доданд, ки  ҷиҳати ҳалли масъалаи зикршуда чораҳои бетаъхир андешида, доир ба корҳои амалигардида то охири соли ҷорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат  ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Август 4, 2017 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад