Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз риоя нагардидани қонунҳои миллӣ дар ноҳияи Панҷ изҳори нигаронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони яке аз ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар- ноҳияи Панҷ аз риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ карданд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар ноҳияи Панҷ дар самти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» беш аз 70 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 201 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ мебошад. Рақамҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки падару модарон ва фаъолони ҷомеа, инчунин омӯзгорон ба таълиму тарбияи фарзандон ва ба танзим даровардани расму ойинҳое, ки ба ғайр аз исрофкориву зарари буҷети оила чизи дигаре нест, ҳанӯз ҳам эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.
Дар иртибот ба ин масъала Сарваари давлат аз роҳбарияти ноҳия ва фаъолони ҷомеа тақозо намуданд, ки ба аҳолӣ мазмуну моҳияти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро дуруст фаҳмонанд ва ба ин васила аз мафкураи мардум иҷрои баъзе расму суннатҳои нодаркору ба таври сунъӣ таҳмилшударо дур созанд.
«Роҳбарони ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони бахши танзими расму ойинҳо ва аъзои комиссияҳои доимиву ҷамъиятӣ низ вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар самтҳои зикршуда тадбирҳои муассир андешанд»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






