Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд!»
ДУШАНБЕ, 4.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи ноорому печида ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ба ҳамаи мо маълум аст. Ҳар рӯз дар як қатор кишварҳои Шарқи Наздик ва баъзе кишварҳои ҳамсоя садҳо нафар одамони бегуноҳ қурбони низоъҳои дохилӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона гардида, садҳо ҳазор нафари дигар ба тарки ватан маҷбур шуда истодаанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён изҳори назар карданд.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, «ҳамчунин бо сабаби офатҳои табиӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва оби тозаи ошомиданӣ миллионҳо нафар сокинони сайёра азият мекашанд. Доираҳои манфиатҷӯй ҷавонони ноогоҳро аз бисёр кишварҳои олам ба сафи ҷангҷӯёни созмону ҳаракатҳои террористӣ ҷалб карда, онҳоро ба қатлу куштори одамон сафарбар менамоянд». Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки мутаассифона, баъзе ҷавонони мо, аз ҷумла аз ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён низ дар низоъҳои дохиливу мазҳабӣ дар кишварҳои мухталиф ширкат менамоянд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки «тибқи маълумоти мақомоти дахлдор, дар давоми панҷуним соли охир аз ноҳияи Қубодиён 80 нафар, аз ҷумла 54 нафар ҷавонон, 9 оила иборат аз 30 нафар ва ҳатто кӯдакони ноболиғ ва аз ноҳияи Шаҳритус 79 нафар, ки 47 нафари онҳо ҷавонон мебошанд, дар қаламрави давлатҳои гирифтори низоъ қарор доранд ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат карда истодаанд. Дар ин самт, мо то имрӯз тамоми роҳу воситаҳои фаҳмондадиҳиро истифода карда истодаем, то шаҳрвандонамон, аз ҷумла ҷавонон фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ шуда, ба Ватани худ хиёнат накунанд. Аммо на ҳамаи онҳо чунин даъватро пазируфтанд ва оқибати иштироки онҳо дар амалиёти террористӣ ба ҳамаи мо равшан аст».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, фаромӯш набояд кард, ки даҳҳо ва садҳо нафар фарзандони мардуми ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ба илму фарҳанг ва умуман ба хотири рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон хизмати содиқона кардаанд ва имрӯз низ софдилона заҳмат кашида истодаанд. Рафтори номатлубу хатарноки ҷавонони гумроҳшуда, пеш аз ҳама, мардуми соҳибмаърифату заҳматдӯсти ноҳияҳои зикршуда ва номи неки фарзандони содиқи онҳоро доғдор месозад. «Вобаста ба ин, борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд. Ба падару модарон, пирони рӯзгордида, кормандони соҳаи маориф, аҳли зиё ва масъулони ҳамаи мақомоти давлатӣ муроҷиат менамоям, ки дар ин самт фаъол бошанд, садди роҳи ҷалб гардидани фарзандон ба гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ шаванд, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят кунанд ва наврасону ҷавононро ҳарчи бештар ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, ҳисси баланди миллӣ ва гиромидошти фарҳангу анъанаҳои бостониамон ташвиқу раҳнамоӣ намоянд»,-таъкид карданд Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






