Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Вазъи санитариву эпидемиологии ноҳияи Носири Хусрав чандон қаноатбахш нест»

Август 4, 2017 15:32

ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди он, ки ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Носири Хусрав  мунтазам зиёд карда мешавад, аммо то ҳол як қатор масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла норасоии мутахассисон ва паст будани дараҷаи тахассусии кадрҳо бартараф нагардидаанд. Дар ин бора  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Носири Хусрав изҳори назар карданд.

Ба андешаи Сарвари давлат, вазъи санитариву эпидемиологии ноҳия низ чандон қаноатбахш нест. Ҳоло аз шумораи умумии аҳолии ноҳия ҳамагӣ 5 ҳазор нафар ё дувоздаҳуним фоиз бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мебошанд. Иншооти обу корези ноҳия бо иқтидори 30 фоиз фаъолият мекунад, ки ин омил боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ мегардад.

«Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти зикршуда тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд»,- гуфтанд Пешвои миллат.

 

Август 4, 2017 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад