Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Зиёда аз 26 ҳазор гектар заминҳои ноҳияи Ҷайҳун бо об таъминанд»

Август 17, 2017 14:03

ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари муваффақияту пешравиҳо ҳанӯз захираву имкониятҳои ноҳияи Ҷайҳун  зиёд буда, барои истифодаи самараноки онҳо боз ҳам бештар заҳмат кашидан зарур аст. Масалан, соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони зиёда аз 19 ҳазор гектар кишти зироат гузарониданд, ки назар ба соли 1991-ум 1000  гектар кам буда, кишти пахта 6500 гектар, истеҳсоли гӯшт 1000 тонна, шир 900 тонна, пилла 112 тонна ва майдони токзор 90 гектар коҳиш ёфтааст. Ин суханонро имрӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун баён  доштанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат,  дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта масоҳати кишти картошка 100 гектар, сабзавот 210 гектар ва истеҳсоли картошка 1200 тонна кам шудааст.

Ҳамчунин Президенти мамлакат дар идомаи суханронии хеш бо нигаронӣ изҳор намуданд, ки  «то имрӯз дар майдони беш аз 7400 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин рақам бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Ҳолати дигари нигаронкунанда ин аст, ки дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ масоҳати заминҳои корами обии ноҳия беш аз 6200 гектар кам шудааст».

Инчунин Сарвари мамлакат оид ба ҳолати имрӯзаи заминҳои кишти ин минтақа зикр карданд, ки  «то имрӯз қариб панҷуним ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 5100 гектар заминҳои корами обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд, ки 24 фоизи заминҳои партови вилояти Хатлонро ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки айни замон зиёда аз 26 ҳазор гектар заминҳои ноҳия бо об таъмин буда,  имконияти обёрӣ намудани боз  ҳазорҳо гектари дигар мавҷуд мебошад».

Сарвари кишвар оид ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, вазифадор сохтанд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои зикршуда, истифодаи самараноки заминҳо, махсусан баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ ба ин самт, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти гидротехникӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

 

Август 17, 2017 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад