Пешвои миллат хостори ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди омӯзгорону донишҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилии /ВКД/ ҷумҳурӣ, ки имрӯз дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД доир гардид, муҳассилони ин даргоҳро ба омӯзиши бештари фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки «дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ мебошад». Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, маҳз тавассути таълими сифатноки фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи наврасон қавӣ гардида, майлу рағбати онҳо ба ихтироъкорӣ ва тарроҳиву моделсозӣ бештар мешавад ва интихоби ихтисосҳои техникиву технологӣ аз ҷониби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ огоҳона сурат мегирад.
Президенти кишвар таъкид карданд, ки аз рӯйи таҳлили нишондиҳандаҳои Маркази миллии тестӣ соли чорум аст, ки дар кластери якум, яъне ихтисосҳои табииву техникӣ нақшаи қабул иҷро нашуда, ҳавасмандӣ ба чунин ихтисосҳои муҳим кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, мо бояд дар мактабҳои миёна сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба ин фанҳо бештар ҷалб созем. Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро мунтазам ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ҳар шаш моҳ ҷамъбаст намоянд ва ғолибонро қадрдонӣ кунанд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ карда, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми таълими фанни технология азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, махсусан, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар нозукиҳои рӯзгордориро ба роҳ монда, ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ин фан иловаҳо ворид намояд. Ҳамзамон бо ин, ҳар шаш моҳ дар байни хонандагон озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳо гузаронида, доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ғолибон чораҷӯӣ намояд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






