Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расонд!»

Август 17, 2017 12:56

     ДУШАНБЕ, 17.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Тайи солҳои 1997-2016 дар ноҳияи Ҷайҳун тавассути дастгирии давлат, инчунин бо кумаки соҳибкорон даҳҳо бинои нави таълимӣ ва 271 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуда, дар маҷмӯъ, барои беш аз 7200 ҳазор нафар хонанда шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст. Ин нуктаро  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон  баён доштанд.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар давоми 4-5 соли оянда дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар ноҳияи Ҷайҳун бунёду навсозии 24 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 10 ҳазор  ҷойи нишаст ба маблағи умумии 45 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Лекин то имрӯз дар сатҳи паст қарор доштани сатҳу сифати дониши хонандагон, пурра фаро гирифта нашудани духтарон ба зинаи таҳсилоти умумӣ, сатҳи нокифояи таъминот бо омӯзгорони фанҳои дақиқ ва иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар ноҳия боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Бо зикри зарурияти  дар рӯҳияи худшиносии миллӣ  ба камол расонидани насли ҷавон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тақвияти корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳну шуури ҷавонон бедор кардани нангу номуси миллӣ, ҳисси ватанпарварӣ ва ҳимояи онҳо аз гароиш ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷумлаи масъалаҳои  ҳалталаби рӯз мебошад. Дар ин росто Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълим эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла дар самти иҷрои барномаи зикршуда, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосири иттилотиву коммуникатсионӣ ва бартараф намудани таҳсили хонандагон дар се баст тадбирҳои иловагӣ андешанд.

 

Август 17, 2017 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!