Прокуратураи генералӣ: содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба таври қочоқ ба қайд гирифта нашудааст

Август 3, 2017 12:04

ДУШАНБЕ, 3.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таъмини назорати риояи қонунгузории гумрук дар нимсолаи аввали соли равон  515 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 13 млн. сомонӣ ошкор  ва пешгирӣ гардид. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорон зикр гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар мавриди ошкор шудани 515 ҳолати қочоқи молу маҳсулот аз ҷониби ин мақомот гуфт, ки аз ин теъдод нисбат ба 22 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ ва оид ба 493 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ба таври қочоқ ворид шудани молу маҳсулот ба қайд гирифта шуда, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба таври қочоқ ба қайд гирифта нашудааст. «Прокуратураи генералӣ баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қочоқи молу маҳсулот тамоми тадбирҳоро меандешад»,-таъкид шуд дар нишаст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин, дар ин самт 1422 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 2252 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 540 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 3772 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Август 3, 2017 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид