«Рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-машварати омӯзишӣ дар Душанбе

Август 2, 2017 15:37

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва дарёфту амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ имрӯз дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» дар мавзӯи «Рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ» машварати омӯзишӣ баргузор шуд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар зиёда аз 100 нафар иштирокчиён, аз қабили намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Мақсади машварат ба роҳ мондани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва дарёфту амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва бунёди инфрасохтор мебошад.
Дар машварат тарзи истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз ҷониби директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» Исфандиёр Усмонзода муаррифӣ шуд.
Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ- ин қисман ё пурра вогузор намудани уҳдадориҳои давлат ба бахши хусусӣ буда, давлат ба ин васила метавонад сармояи бахши хусусиро барои амалишавии ҳадафҳо ҷалб намояд.
Лоиҳаи мазкурро дар шаҳри Душанбе мутахассисони ширкати «IBA Group»- Ҷумҳурии Беларус тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе тариқи ин механизм аллакай ду лоиҳа амалӣ шуда истодаанд: яке дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ- лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 ш. Душанбе» ва дигаре дар самти тандурустӣ- лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ». Ин лоиҳаҳо барои истифодаи муваққатӣ тавассути Созишнома ба бахши хусусӣ вогузор карда шудаанд.

Август 2, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад