Сафири ИМА Элизабет Миллард бинобар ба вазифаи нав таъйин шуданаш мӯҳлати фаъолияти дипломатиро дар Тоҷикистон ба поён мерасонад

Август 30, 2017 12:53

ДУШАНБЕ, 30.08.2017./АМИТ «Ховар»/.  31 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард бинобар сабаби  ба  вазифаи нави   роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар Департаменти давлатии ИМА таъйин шуданаш муҳлати адои вазифаашро дар  Тоҷикистон  ба поён мерасонад. Дар ин бора  имрӯз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон зимни баёнияе иттилоъ додааст.

«Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд», — омадааст дар баёнияи Сафорат.

Дар баёния ҳамчунин зикр шудааст, ки Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ҳоло таъин нагардидааст ва  муовини Роҳбари намояндагии дипломатӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Миллард муваққатан ба ҷои ӯ  фаъолият хоҳад кард.

«Сафир Миллард аз он ифтихор дорад, ки тӯли яку ним соли фаъоляташ ба ҳайси сафир шомили дастовардҳои Сафорати ИМА дар Ҷумҳарии Тоҷикистон гардида буд, — тазаккур ёфтааст дар идомаи баёния. —  Дар давоми фаъолияти кории ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзур намуданд, ки он ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида имконият дод, то ҳамкориро дар ҷодаи манофеи муштарак амалӣ созанд. Ду кишвар 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои низомӣ мусоидат менамояд».

Элизабет Миллард (2)

Август 30, 2017 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид