Сафири Тоҷикистон бо олими маъруфи Саудӣ масоили вобаста ба ривоҷи робитаҳои илмию тадқиқотиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо доктори Маркази тадқиқот ва робитаҳои маърифатӣ доир ба Осиёи Марказӣ дар шаҳри Риёз мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ривоҷ додани робитаҳои илмию тадқиқотӣ ва фарҳангӣ миёни олимону муҳаққиқони ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои ташкили ҳамкории самарабахш ҷиҳати омодасозӣ ва табъу нашри китобу маҷалла ва дигар маводи чопӣ таъкид доштанд.
Зикр гардид, ки имкону захираҳои мавҷуда барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои судбахши ду кишвар аз тариқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маърифат, фарҳанг ва саёҳат бояд босамар роҳандозӣ шаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






