Сафири Тоҷикистон дар маросими ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Нагасаки иштирок кард

Август 11, 2017 15:39

ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 9 август  Сафири   Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ дар маросим бахшида ба 72-юмин солгарди ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Ҳиросима ва Нагасаки ширкат варзид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  маросими ёдбуд дар Боғи ёдбуди сулҳи шаҳри Нагасаки, воқеъ дар наздикии маркази таркиши аслиҳаи ядроӣ бо иштироки Сарвазири Япония Синдзо Абэ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, губернатори музофоти Нагасаки Ҳодо Накамура, раиси шаҳри Нагасаки Томиҳиса Тауэ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Япония, ходимони ҷамъиятӣ ва мардуми Япония баргузор шуд.

Иштирокчиён дар назди муҷассамаи ёдгории ёдбуди қурбониёни бомбаи атомӣ гул гузоштанд. Баъд аз садои зангӯла ва бонги хатар расо соати 11:02 иштирокчиён дар назди хотираи тамоми қурбониён як дақиқа сукут карданд.

Дар ҳошияи маросим Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Япония Таро Коно вохӯрӣ намуда, вазирро бинобар ба ин мақоми баланд таъйин шуданаш табрик намуд.  Инчунин вохӯрии Сафир бо раиси шаҳри Нагасаки Томиҳиса Тауэ низ доир гардид, ки зимни он арзи сипос барои даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ёдбуд иброз гардид.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷамъомадҳои фарҳангӣ-таърихӣ, ки аз ҷониби маъмурияти шаҳри Нагасаки ташкил карда шуданд, иштирок намуда, аз мавзеъҳои хотирмони шаҳр боздид намуд.

Август 11, 2017 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад