САГ ЧУ ШУД ДЕВОНА , ӮРО МЕТАВОН ЗАНҶИР КАРД… Дар ноҳияи Рӯдакӣ 164 нафар бар асари дарафтодани сагони дайду ҷароҳат бардоштаанд
РӮДАКӢ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ин мисраи машҳури Сайидои Насафиро дар сарлавҳа беҳуда наовардем. Дар шаҳру деҳоти мо сагони дайду ва девона вомехӯранд ва мутаассифона, баъзан озод гаштугузор мекунанд, ки ин ба ҳаёти шаҳрвандон хатар дорад. Масалан, дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳолати ҷароҳат бардоштани одамон бар асари сагони дайду ва бемор ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Бобоназаров, соли равон дар ҳудуди ноҳия 164 нафар одамон дар натиҷаи ба онҳо джарафтодани сагони дайду ҷароҳат бардоштаанд, ки 114 нафари онҳоро наврасони то 17-сола ташкил медиҳанд. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолат ва нест кардани сагони дайду ба мақомоти дахлдор ва ҳукумати ноҳия мактуб фиристода шуд.
Тавре аз ин пештар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, 2 августи ҳамин сол дар вилояти Суғд писарбачаи 6-солаи сокини маҳаллаи Темурмалики ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари ҳамлаи ногаҳони саг ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






