Сарояндагони маҳбуби тоҷик ҳаводоронашонро ба боғҳои пойтахт даъват менамоянд!
ДУШАНБЕ, 03.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат бахшида ба Соли ҷавонон ва фарорасии 26-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки рӯзи шанбе — 5 августи соли равон соати 10:00 дар Боғи «Ирам», соати 19:00 дар саҳни Кӯли ҷавонон, майдони 800-солагии Москва ва Боғи «Устод Рӯдакӣ» чунин барномаҳоро роҳандозӣ намоянд.
Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», ҳунармандони ноҳияи Шаҳринав, бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода тасмим гирифтаанд, ки рӯзи якшанбе, 6 август соати 10:00 дар Боғи «Ирам» ва соати 19:00 дар боғҳои «Парчами давлатӣ», «Дӯстии халқҳо» ва саҳни Кӯли ҷавонон чунин барномаҳоро пешниҳоди дӯстдорони санъати асил намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо дар барномаҳои фарҳангии мазкур ҳунармандони маъруф Ҷамшед Исмоилов, Ширинмоҳ Ниҳолова, Иззат Шарифӣ, Зиёвиддини Нурзод, Тобиш Ҳилолӣ ва Соҳиб Назриев бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳаводоронро шод мегардонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






