Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба назорати сифат, бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба фаъолияти бонизоми мақомоти назоратӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 19.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Агентии “Тоҷикстандарт” таҳти раисии директори Агентӣ — Раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба назорати сифат, бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ Ибодулло Қурбониён ва иштироки аъзоёни Шўро аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Шӯро доир гардид.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз “Тоҷикстандарт” хабар доданд, мақсади асосии даъвати Шўрои навбатӣ тақвият додани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот мебошад, ки ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ин замина саҳм гузоштан ба рушди ҷомеа ва некўаҳволии мардуми мамлакат нигаронида шудааст.
Дар раванди кори Шўро масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Шўро, ҳамчунин муҳокимаи фаъолияти якҷояи мақомоти назоратӣ, тартиби фаъолияти минбаъдаи Шўро, таҳияи нақшаи корӣ барои солҳои 2017-2018 ва дигар масоили ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа, инчунин бо назардошти фаъолияти якҷояи мақомоти марбута, дастгирии истеҳсолотот ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, рушди содирот ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок табодули афкор сурат гирифт.
Зикр гардид, ки яке аз омилҳои кам кардани таъсири бӯҳрон ба иқтисоди миллии мо ва вусъат бахшидан ба рушди он муташаккилӣ, ҳамкориву дастгирии байниҳамдигарии ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. Имрўз дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маводи босифат танҳо вазифаи як мақомот набуда, он ҳамкории мустаҳкам ва мунтазами сохторҳои марбутаро тақозо мекунад ва дар ин робита Агентии “Тоҷикстандарт” омода аст, ки ба ҳамаи вазорату идораҳо ва бо ҳар ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин бо соҳибкорони инфиродӣ ҳамкории зич дошта, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ташкили истеҳсолот, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ мусоидат намояд.
“Мову шумо бояд на танҳо рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакати худро дар сатҳи устувор нигоҳ дорем, балки бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории миллати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем”,- тазаккур дод И.Қурбониён.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






