Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Қурбонро муайян кард

Август 23, 2017 14:38

ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иди саиди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусалмонӣ 1 сентябри соли равон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, қарор қабул намуд. Зикр шуд, ки 1 сентябр соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҷаласа хабар дод, санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.

Дар ҷаласа ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дода шуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ, хайру кумак ба ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон- Тоҷикистон, инчунин худдорӣ намудан аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона сухан кунанд.

Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 август дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш дар мавриди  Иди саиди Қурбон сухан карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки «қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад, вале набояд фаромӯш кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд. Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд, ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест».

Август 23, 2017 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд