Соҳибкорону тоҷирони музофоти Хайнани Чин ба Тоҷикистон ташриф меоранд
ДУШАНБЕ, 11.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи август дар Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.
Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, ба Тоҷикистон меоянд.
Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои тавлидотии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, инчунин тақвияти ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии баргузории ҳамоиш маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






