Суғурта дар Тоҷикистон ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад

Август 17, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон зимни ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои суғуртаи мамлакат вазъи имрӯзаи бозори суғурта дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода  зикр намуд, ки азбаски сохторҳои назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ дар ҳайати бонкҳои марказии ин давлатҳо фаъолият доранд, Хадамоти давлатии назорати суғуртавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2016 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017 «Дар бораи ба БМТ вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ» ба сохтори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, минбаъд фаъолияти Идораи назорати суғуртавӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Зикр гардид, ки бахши суғурта дар ташаккул ва рушди бозорҳои сармоя нақши ҷиддӣ дорад, зеро он яке аз харидорони асосии коғазҳои қиматноки давлатию корпоративӣ гашта, барои муҳайё намудани маблағҳои озод ва ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо метавонад кумак намояд.

Ҳамчунин зимни муҳокимаронӣ  таъкид гардид, ки камбудиҳои ҷойдошта дар бахши мазкур ислоҳ гашта, ташкилотҳои суғуртавӣ фаъолияти худро мувофиқи талаботи иҷозатномадиҳӣ ва қоидаҳои намудҳои суғуртаи ба онҳо иҷозатдодашуда дар асоси рақобати солим ба роҳ мемонанд.

Август 17, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад