Тақдими либосу лавозимоти мактабӣ ба ятимону бепарасторон
«Фарзандони оилаҳои камбизоат, кӯдакони бесарпаноҳ ва ятимони кулл пайваста зери ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қисмати «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ»-и Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи дониш ва иди саиди Қурбон ба 24 нафар ятимони кулл, кӯдакони бепарастор ва фарзандон аз оилаҳои камбизоат кумаки хайриявӣ супорида шуд. Ин кумак аз либосҳо ва лавозимоти мактабӣ иборат буд.
Директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе Дилором Ҳасанова изҳор намуд, ки роҳбарияти муассиса тасмим гирифт, ки чанд нафар дӯстрӯяконро бо либосу ҷиҳози хониш таъмин намояд.
«Боварӣ дорам, ки ин туҳфаи хоксорона дар таълиму тарбияи шумо таъсири хуб мерасонад. Умедворам, ки ҳар яки шумо чун ворисони ин миллати сарбаланд, нигоҳдорандаи сулҳу суботи комил, тарғибгарони тарзи ҳаёти солим ва ватандорони арзанда ба камол мерасед»,-гуфт Дилором Ҳасанова зимни тақдими туҳфаҳо ба кӯдакон.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






