ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 1 август, сешанбе, 213-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 152 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 1, 2017 08:01

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

1 августи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз зумраи онҳо буданд.

***

Инчунин 1 июли соли 2013  дар шаҳри Москва  зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин маҷмӯи васеи мавзӯъҳо вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Россия баррасӣ шуда буд. Тавваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг зоҳир гардид.

***

3 сол пеш, 1 августи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Англия Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва истифода дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо маҷмӯи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия қабул гардид. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия имзо шуд.

1 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ангола — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи забон ва алифбо.

***

Дар Бенин – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Хитой – Рӯзи таъсиси армияи халқӣ- озодкунанда.

 

РӮЙДОДҲО:

1 августи соли 1834 дар калонияҳои Британияи Кабир ба ғуломӣ гиифтани одамон манъ карда шуд.

***

  1 августи соли 1922 аввалин Конститутсияи доимоамалкунандаи Литва қабул гардид.

***

81 сол муқаддам, 1 августи соли 1936 дар Берлин Адолф Гитлер бозиҳои  XI тобистонаи олимпиро кушода эълон кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ ба Шӯрои Амнияти СММ ворид шудааст.

***

49  соли пеш, 1 августи соли 1968 Канада пулҳои нуқрагиро ба никел тағйир дода буд.

***

1 августи соли 1974  Гретсия ҳуқуқи шаҳрвандон ва Конститутсияашро барқарор кард.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ медали «Ситораи тиллоӣ»- ро таъсис дода буд, ки барои хизматҳои шоиста ба қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дода мешуд.

***

Соли 1998 донишҷӯи америкоӣ дучархаи аз ҳама калонтарин дар ҷаҳонро сохт, ки зиёда аз 7 метр баландӣ дошт.

 

Август 1, 2017 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш