ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 10 август, панҷшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 143 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 10, 2017 09:16

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

10 августи соли 2011 зимни сафари кории худ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.

***

Инчунин 10 августи соли 2011 дар шаҳри Қӯрғонтеппа  бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти нав ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони якчанд иншооти дигар оғоз бахшида шуд. Дар он ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи вилоятиро ифтитоҳ намуда, бо намунаҳои осори таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд.

***

5 сол пеш, 10 августи соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Туркманистон, Япония, Франсия, Руминия, Африкаи Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта эътимоднома қабул намуда, онҳоро бо оғози иҷрои ин вазифаи муҳим дар Тоҷикистон табрик гуфтанд ва изҳори боварӣ намуданд, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду таҳкими муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкории судманди гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри Миллат  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфта буданд. “Аввалин заминае, ки тамоми маҳаки муносибатҳои моро бо Афғонистон муайян менамояд, асли ҳамсоягии нек мебошад”,- изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

 10 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.

***

Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

10 августи соли 1956 дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) шаҳри Чкаловск таъсис дода шудааст, ки ҳоло ба шаҳри Бӯстон тағйири ном кард.

***

 10 августи соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шудааст. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва камтар аз 200 истиқоматгунанда дошт.

***

10 августи соли 1899 дар Россия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

***

93 сол муқаддам, 10 августи соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия  бардошта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расида буд.

***

10 августи соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли  1997 — дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон   дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

***

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Онтониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

 

 

 

 

Август 10, 2017 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш