ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 август, ҷумъа, 223-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 142 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
11 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфармондеҳи Ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Ҷон Абузайдро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои минтақа ва Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуда, ҳамчунин оид ба рафти амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд.
***
11 августи соли 2004 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
6 сол қабл, 11 августи соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида буданд.
11 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Чад –Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.
***
Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
11 августи соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис ёфтааст.
***
11 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.
***
225 сол муқаддам, 11 августи соли 1792 дар Франсия кумитаи инқилобӣ таъсис дода шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1831 дар натиҷаи тӯфон дар Барбадос 15 ҳазор нафар қурбон гардиданд.
***
11 августи соли 1959 дар Москва фурудгоҳи байналмилалии Шереметйево ифтитоҳ ёфт.
***
11 августи соли 1969 ҷанги сесолаи эълоннашуда миёни Индонезия ва Малайзия хотима ёфт.
***
11 августи соли 1980 Ангола конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1984 дар давраи финалии мусобиқаи футбол дар доираи бозиҳои олимпии Лос Анҷелос тими Франсия тими Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
***
Соли 1877 ситорашиноси америкоӣ Асаф Ҳолл (Asaph Hall) ду моҳвораи навро бо номҳои Марса — Фобос ва Деймос кашф намуд.