ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 август, шанбе, 224-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 141 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 12, 2017 09:22

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

12 августи соли 2010 дар Қасри миллат дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир гардида буд. Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки «ҳар ваҷаб замини корам, хусусан заминҳои обӣ бояд пурсамар истифода бурда шавад, то ки бозори истеъмолии мамлакат бештар бо маҳсулоти дохилӣ таъмин шуда, аз таъсири манфии омилҳои берунӣ эмин бошад».

***

6 сол пеш аз ин, 12 августи соли 2011  дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Сарвари давлати  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд. Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо доир ба нақшаҳои ояндаи миёнамуҳлати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, роҳҳои пешгирӣ аз хатару чолишҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва қаламрави масъулияти созмон, ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти иттилоотӣ табодули назар карда буданд.

***

12 августи соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ гардида буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми он мебошад.

12 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҷавонон.

***

Дар Қирғизистон — Рӯзи кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

***

Дар Тайиланд — зодрӯзи шоҳзода ва Рӯзи модар

***

Дар Россия – Рӯзи  варзишгарон.

РӮЙДОДҲО:

12 августи соли 2010 аз кӯҳҳои Помир ҷасади ду кӯҳнаварди украинӣ пайдо карда шуд.

***

12 августи соли 2011 муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ  баргузор гардида буд, соҳиби медали тилло ва унвони чемпионӣ шуд.

***

186 сол муқаддам, 12 августи соли 1831  Нидерландия ва Белгия шартномаи сулҳ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1912 барои муҳоҷират ба Канада ворид шудани сиёҳпӯстон манъ карда шуд.

***

12 августи соли 1918 ИМА фурӯши машруботи спиртиро дар истгоҳҳои роҳи оҳан манъ кард.

***

12 августи соли 1960 дар Сейлон (Шри-Ланка) сензураи матбуот ҷорӣ карда шуд.

***

33 сол пеш, 12 августи соли 1984 маросими хотимаёбии бозиҳои XXIII олимпӣ баргузор гардид.

***

12 августи соли 1992 ИМА, Канада ва Мексика оид ба таъсис додани  Минтақаи озоди иқтисодии Америкаи Шимолӣ созишнома ба имзо расониданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1877 дар таърихи ҷаҳон нахустин сабти овоз ба амал омад.

***

Соли 1981  компютери фардии IBM PC пешниҳод карда шуд.

***

Соли 1892 аввалин маротиба дар шаҳри Торантои Канада мошини электронӣ ба ҳаракат даромад.

 

 

Август 12, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст