ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 август, якшанбе, 225-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 140 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 13, 2017 08:43

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 13 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун эътимоднома қабул карда буданд. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Фан Сянжун, ки баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ доир гардида буд, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

***

7 сол пеш, 13 августи соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷӣ эътимоднома қабул намуда буданд. «Тоҷикистон барои таҳкиму тавсиаи минбаъдаи ҳамкории судбахш бо Ҳиндустон кўшиши зиёд ба харҷ дода, имконоти мавҷударо самаранок ва баманфиат истифода менамояд», -зикр намуда буданд зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

***

13 августи соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220 киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ аз давлатҳои Италия, Франсия, Германия ва Швейтсария бунёд ёфта буд, ба кор дароварда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар маркази шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

13 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон.

***

Дар Тунис – Рӯзи занон.

***

Дар  Замбия – Рӯзи ҷавонӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 августи соли 1937 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

***

7 сол пеш аз ин, 13 августи соли 2010 дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Гулистон бо чемпиони бисёркаратаи вилояти Суғд- «Эсхата»- и Хуҷанд бозии таълимию тамринӣ гузаронид, ки бо ғалабаи “Истиқлол”  ҳисоби 6:1 ба анҷом расид.

***

13 августи соли 1868 дар натиҷаи заминҷумбӣ дар сарҳади ду давлат Эквадор ва Перу зиёда аз 25 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, дар ин кишварҳо 300 миллион доллари америкоӣ хисорот ба қайд гирифта шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1932 дар Рим Маркони аввалин санҷиши пахши кӯтоҳи мавҷи радиоро гузаронидааст.

***

76 сол муқаддам, 13 августи соли 1941 дар Канада Корпуси ҳарбии занона таъсис дода шуд.

***

13 августи соли 1966 дар Тунис пӯшидани домани кӯтоҳ (мини-юбка) манъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1907 дар Ню-Йорк аввалин такси ба кор оғоз намуд.

***

Соли 1928 дар  Москва аввалин ҷашнвораи варзишии умумииттифоқӣ баргузор гардида буд.

***

Соли 1993 дар Латвия аввалин шумораи рӯзномаи «Вақт» ба нашр расид.

 

 

Август 13, 2017 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст