ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 август, душанбе, 226-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 139 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 14, 2017 10:20

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

14 августи соли 2007 дар мулоқоти хоссаи як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маҷмўи васеи масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳое, ки дар Душанбе зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2007 ба имзо расида буданд, мавриди муҳокима қарор гирифта буданд.

***

10 сол пеш, 14 августи  соли 2007 баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардида буд, ки зимни он 9 санади муҳим ба имзо расиданд. Яке аз санадҳои мазкур Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника буд.

***

14 августи соли 2012 сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи «president.tj» аз соли 2005 ба ин сӯ фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии интернет баромад. Сомонаи мазкур имрӯз дар ин шабака бо чор забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ оид ба сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон хабару гузориши расмӣ  пешниҳод менамояд.

***

14 августи соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5 сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд.

14 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Покистон-Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонони миллӣ.

 РӮЙДОДҲО:

14 августи соли 2013 дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстонаи дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон барпо гардид.

***

14 августи соли 1848 дар Канада амали санади расмӣ, ки  забони англисиро ҳамчун ягона забони давлатӣ дар кишвар муқаррар карда буд, қатъ карда шуд.

***

124 сол муқаддам, 14 августи соли 1893 дар Франсия ба ронандагон бидуни супоридани имтиҳон додани ҳуҷҷати ронандагӣ  манъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 бо мақсади ворид кардани Бавария ба ҳайати Олмон ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид карда шудааст.

***

14 августи соли 1920 дар шаҳри Антверпени Белгия маросими кушодашавии Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид.

***

14 августи соли 1986 дар Амстердам расми аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон гузошта шуд, ки 8 ҳазору 586 метри мураббаъро ташкил медод.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1908 дар шаҳри  Фолкстони Англия аввалин маротиба озмуни байналмилалии зебоӣ баргузор гардид.

***

Соли 1936 аввалин маротиба ба рӯйхати  Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баскетбол ворид карда шуд.

 

Август 14, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст