ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 август, сешанбе, 227-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 138 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 15, 2017 09:29

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

15 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд. Сарвари давлат  ба масъулини соҳаҳои дахлдор оид ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дода буданд.

***

6 сол пеш, 15 августи соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули мошингарди миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ифтитоҳ намуданд.

***

15 августи соли 2013  дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат буд, ба ҳузур пазируфта буданд. Дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

***

Се сол пеш аз ин, 15 августи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор ба ин шаҳри қадимии Тоҷикистон сафар карда, таъкид карданд, ки  қалъаи Ҳисор яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад.

 15 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҳиндустон – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Конго – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Коста-Рика   –Рӯзи модар.

***

Дар Россия — Рӯзи бостоншиносон.

 РӮЙДОДҲО:

15 августи соли 1935  аввалин  Спартакиадаи кӯдакони Тоҷикистон баргузор гардида буд.

***

15 августи соли 1795 дар Франсия пули нав – франк ба муомилот бароварда шуд.

***

99 сол муқаддам, 15 августи соли 1908  ба занони Пруссия ҳуқуқи дар мактабҳои олӣ таҳсил намудан дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1945 дар ИМА меъёри муқаррарнамуда барои фурӯши бензин ва равғани мошин бекор карда шуд.

***

15 августи соли 1950 дар иёлати  Ассами Ҳиндустон заминҷунбии 9- бала ба қайд гирифта шуд, ки  дар натиҷаи он 1000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2000 нафар бе сарпаноҳ монданд.

***

25 сол пеш, 15 августи соли 1992 дар Озарбойҷон пули нав – манат ба муомилот бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1877 ихтироъкор  Томас Эдисон аввалин маротиба пешниҳод кардааст, ки ҳангоми суҳбат бо телефон калимаи «Нello» («Алло») истифода бурда шавад.

***

Соли 1879 дар шаҳри Торонто аввалин Намоиши миллии Канада баргузор гардида буд.

 

Август 15, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст