ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 август, панҷшанбе, 229-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 136 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 17, 2017 08:26

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

17 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон Асаналӣ Ашимов мулоқот намуда, ба масъалаҳои фарогири эҳёи анъанаҳои пешин, инчунин таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ миёни кишварҳои минтақа мароқ зоҳир карданд.

***

11 сол пеш аз ин, 17 августи соли 2006 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқоти як ба як анҷом дода, аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуда буданд.

***

17 августи соли 2011  дар ситод-қароргоҳи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри XXI сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуда, ӯро бо ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

17 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Габон –  Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Индонезия – Рӯзи истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

17 августи соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

***

17 августи соли 2016  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро даъват намуданд, ки дар он 24 августи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардида буд.

***

103 сол муқаддам, 17 августи соли 1914 корпуси экспедитсионии Британияи Кабир ба Франсия фуруд омад.

***

Дар ин рӯзи соли 1916 Руминия барои пайвастан бо Антанта розигӣ дод.

***

Инчунин 17 августи соли 1916 дар Олмон барои фурӯши гӯшт меъёр муқаррар карда шуд.

***

17 августи соли 1959  Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ироқ барои сохтани реактори ҳастаӣ дар Ироқ шартнома  ба имзо расониданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1858 аввалин маротиба миёни Америка ва Аврупо алоқаи телеграфӣ пайваст карда шуд.

***

Соли 1922 дар Ню-Йорк   калонтарин толори рақсӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардидааст.

***

Соли 1974 дар Гавана аввалин мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба бокс миёни дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор гардид.

 

 

Август 17, 2017 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст