ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 август, ҷумъа, 230-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 135 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 18, 2017 08:52

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведов мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлат баррасӣ карда шуданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведов изҳор доштанд, ки мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

 ***

7 сол пеш аз ин, 18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии ФР Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқоти судманди дуҷониба анҷом доданд. Зимни суҳбат масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуда, ҳамчунин оид ба масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугўйи судманд сурат гирифта буд.

***

18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфта буданд. Ҷонибҳо зимни суҳбат оид ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

 18 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.

***

Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.

***

Дар Австралия- Рӯзи собиқадорони Ветнам.

РӮЙДОДҲО:

18 августи соли 1965 Экспедитсияи археологии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар саргаҳи дарёи Зарафшон ба кор оғоз кард.

***

2 сол пеш, 18 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкориии Шанхай  баргузор гардида буд.

***

18 августи соли 1700  баъди гуфтушунид дар Шветсия давлатҳои Копенгаген, Дания ва Шветсия шартномаи сеҷонибаи сулҳ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1855 Ватикан назорати соҳаи маориф  ва  бақайдгирии ақди никоҳро дар Вена пурра ба зиммаи худ гирифт.

***

103 сол пеш, 18 августи соли 1914 ИМА бетарафии худро нисбат ба ҷанги Белгия бо Олмон эълон карда буд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1965  вертолёти Ка-26 аввалин маротиба парвоз анҷом додааст.

***

Соли 1973  бостоншиносони америкоӣ дар Юнон далелеро пайдо карданд, ки ҳанӯз 750 сол пеш аз замони мо инсоният ба баҳр баромада будааст.

Август 18, 2017 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст