ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 август, шанбе, 231-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 134 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздики 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.
***
6 сол пеш аз ин, 19 августи соли 2011 ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Олга Гаврук, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Агибай Смагулов ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал эътимоднома супурда, изҳор дошта буданд, ки барои рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳанд кард.
***
19 августи соли 2013 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардида, гуфтугӯи судманд доир ба масъалаҳои густариши савдо, афзоиши имкониятҳои транзитӣ ва рушди нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифта буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брагаро ба ҳузур пазируфта буданд. Зимни суҳбат аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Бенедитто Брага дар навбати худ аз пешсафии ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об қадрдонӣ карда, изҳор дошт: «Мо мисли Тоҷикистон муътақидем, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад, на воситаи низоъ».
19 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии суратгирон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии кумаки башардӯстона.
***
Рӯзи байналхалқии ҷонварони кӯчагард.
***
Дар Афғонистон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар ИМА — Рӯзи авиатсияи миллӣ.
***
Дар Ветнам — Рӯзи инқилоб.
РӮЙДОДҲО:
19 августи соли 1796 Испания ва Франсия бар зидди Англия иттифоқ шуданд.
***
19 августи соли 1973 дар Юнон монархия расман бекор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1980 дар фурудгоҳи Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) ҳавопаймо оташ гирифтааст, ки дар натиҷа 301 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
19 августи соли 1992 Молдова ҳолати фавқулодаро, ки ним сол давом карда буд, бекор кард.
***
19 августи соли 2004 ширкати «Google» тахфифҳои худро ба бозор баровард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1848 рӯзномаи «The New York Herald» аввалин хабарро дар бораи пайдо шудани тилло дар Калифорния нашр намуд.
***
Соли 1922 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи «Милитсия» нашр шудааст.