ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 август, чоршанбе, 214-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 151 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 2, 2017 08:42

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:


2 августи соли 2010
дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуда буданд.

***

6 сол пеш, 2 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармони худ иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорумро даъват намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро ба баррасии он пешниҳод карданд.

***

  2 августи соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барои матбуот изҳорот дода, аз ҷумла зикр намуданд: «Мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи кишварҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем».

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакартаи Индонезия дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуда, баргузории ин иқдомро барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мухталифи раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир муҳим маънидод карданд.


2 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кинои миллӣ.

***

Дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Гаяна – Рӯзи озодӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

2 августи соли  2006  дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги Ишкошими ВМКБ дар сарҳади байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон бозори наздисарҳадӣ барои хариду фурӯши маҳсулоти дуҷониба ифтитоҳ  гардид.

***

2 августи соли 1791 Самуел Бригс ва писараш аввалин дар ҷаҳон мошини мехистеҳсолкунандаро сохтанд.

***

147 сол муқаддам, 2 августи соли 1870 дар Лондон метро ба истифода дода шуд.

***

  2 августи соли 1914 Олмон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1941 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА мубодилаи нота сурат гирифта, ИМА омодагии худро барои ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг кумак расонидан баён дошта буд.

***

2 августи соли 1946 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои ёрии СММ таъсис дода шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1858 аввалин маротиба дар хиёбони Бостони ИМА қуттии почта насб гардидааст.

***

Соли 1937 дар Олмон   калонтарин дар таърихи башарият хор суруда шудааст, ки дар он зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Август 2, 2017 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст