ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 20 август, якшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 133 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
20 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуда, масоили вобаста ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷамъоварии ҳосили зироат ва тезонидани кишти такрорӣ, иҷрои буҷети давлатӣ, таъмини кори пурсамари корхонаҳои саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, омодагӣ ба зимистон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карда буданд.
***
6 сол пеш, 20 августи соли 2011 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба имзо расида буд.
***
20 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони неру Урбан Руснак мулоқоти самарабахш анҷом дода буданд. Урбан Руснак таъкид намуда буд, ки Паймони неру минбаъд низ ба Тоҷикистон барои беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ, пеш аз ҳама, ба бахшҳои ояндадори соҳаи энергетикаи он мусоидати фаъол хоҳад дошт.
***
20 августи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш табрику таҳният гуфта буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.
20 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.
***
Дар Марокко – Рӯзи табаддулот.
***
Дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба кори худ оғоз намуда буд.
***
3 сол пеш, 20 августи соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ оғоз гардид.
***
20 августи соли 2016 дар варзишгоҳи «Авиатор» — и шаҳри Душанбе миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» бозии чорякфиналии Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1934 ИМА ба Созмони байналмилалии меҳнат ҳамроҳ шадааст.
***
20 августи соли 1913 дар Киев аввалин олимпиадаи варзишии умумироссиягӣ баргузор шуд.
***
72 сол муқаддам, 20 августи соли 1945 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Хартияи СММ-ро тасдиқ намуда буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1896 телефони рақамӣ ихтироъ шуда буд.
***
Соли 1925 аввалин хати Метро дар Рим ба истифода дода шуд.