ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 август, душанбе, 233-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 132 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 21, 2017 10:50

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири вақти Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.      Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардида, бо қаноатмандӣ зикр карда шуда буд, ки ҳоло заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишварро 87 санад ташкил дода, 5 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

***

Се сол пеш, 21 августи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М», ки дар масоҳати умумии 1 гектар замин дар маҳаллаи 17-ум қарор дорад, ифтитоҳ ёфта буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷиро ба густариши фаъолияти созандагию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба ҳавасманд бояд кард.

***

21 августи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад ва иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 500 тонна пиллаи хушк дар як сол мебошад,  ба кор дароварда шуда буд.

21 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Аргентина-Рӯзи ёдбуди генерал Сан Мартин  (қаҳрамони муборизаҳо дар роҳи расидан ба истиқлолият).

РӮЙДОДҲО:

21 августи соли 1936  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфтааст.

***

21 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардида буд.

***

9 сол пеш аз ин, 21 августи соли 2008 дар бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  варзишгари тоҷик Юсуф Абдусаломов оид ба варзиши тарзи озод медали  биринҷӣ ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1924 Голландия фурӯши машруботи спиртиро ба ИМА манъ намуд.

***

70 сол муқаддам, 21 августи соли 1947 Иттиҳоди Шӯравӣ барои шомил шудани Италия ва Австрия ба узвияти СММ розигӣ надодааст.

***

21 августи соли 1965 Руминия давлати сотсиалистӣ эълон карда шуд.

***

21 августи соли 1988  бар асари заминларза дар шимоли Ҳиндустон ва Непал 1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 аввалин маротиба дар бозии футболи Англия дар рафти бозӣ ивазкунӣ   бозингарон иҷозат дода шудааст.

***

Соли 1981 аввалин маротиба   олимон оид ба хавфи гармшавии иқлим хабар дода буданд.

 

Август 21, 2017 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст