ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 22 август, сешанбе, 234-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 131 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 22, 2017 09:58

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

22 августи соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи телевизиони  «Сафина» таъсис дода шуд.

***

22 августи соли 2011 пас аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расида буд.

***

22 августи соли 2016 таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», маъқул дониста шуда, барои  баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 ба муносибати оғози 75-умин солгарди мавсими театрӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертӣ баргузор гардид.

22 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия –Рӯзи парчами миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

 22 августи соли 1944 дар муассисаҳои таҳсилотии Япония машғулиятҳо манъ карда шуда, кӯдакон ба фабрикаю заводҳо ҷалб гардиданд.

***

28 сол муқаддам, 22 августи соли 1989 дар Қазоқистон забони қазоқӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 парчами таърихии серангаи Россия барқарор карда шуд.

***

22 августи соли 2001 дар Пекин 21-умин Бозиҳои байналмилалӣ миёни донишҷӯён оғоз гардиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1932  «Би-Би-Си» нахустин бор  пахши санҷишии телевизионашро роҳандозӣ намудааст.

***

Соли 1984  варзишгардухтари  америкоӣ  Эвелин Эшфорд барои давидан ба масофаи 100 метр дар 10 сонияву 76 тосония миёни занон рекорд гузошта буд.

 

Август 22, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш