ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 23 август, чоршанбе, 235-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 130 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
23 августи соли 2001 Паралумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» қабул карда буд.
***
23 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷаласаи фаврӣ доир намуда, масъалаи вобаста ба фирори 25 нафар ҷинояткори махсусан хавфнок аз маҳбасхонаро баррасӣ карда буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки оид ба дарёфт ва дастгир намудани ин гурўҳи ҷинояткор, ки ҳамчунин даст ба кўшиши ғасби ҳокимият зада буданд, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
***
6 сол пеш аз ин, 23 августи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин гурӯҳи занони авфшуда ба озодӣ баромаданд.
***
23 августи соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ — ордени Президенти Туркманистон- Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар Туркманистон пас аз мулоқоту музокироти расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки яке аз онҳо Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада мебошад.
23 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он
***
Дар Руминия – Рӯзи озод намудан аз фашизм.
***
Дар Беларус – Рӯзи кормандони омори давлатӣ.
***
Дар Украина – Рӯзи парчами давлатӣ.
РӮЙДОДҲО:
23 августи соли 1904 занҷири чархҳои автомобилӣ ихтироъ карда шудааст.
***
23 августи соли 1913 полиси Лондон аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки дар маҳаллаҳои шаҳрӣ барои суръати баланди мошинҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.
***
69 сол муқаддам, 23 августи соли 1948 дар Амстердам Шӯрои байналмилалии калисоҳо таъсис ёфтааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1959 Ҳукумати ИМА барои дар 400 мактаб ҷорӣ намудани забони русӣ ҳамчун фанни дарсӣ эълон нашр кардааст.
***
23 августи соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Хитой 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
23 августи соли 2010 100 давлати дунё барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо- 2010 аризаи расмӣ ирсол карданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1617 дар Лондон аввалин роҳи мошингарди яксамта ифтитоҳ ёфтааст.
***
Соли 1889 дар Сан-Франсискои ИМА аввалин иттилои радиоии аз киштӣ ба соҳил қабул гардид.