ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 август, панҷшанбе, 236-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 129 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
24 августи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида буд.
***
24 августи соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли семент расман ба кор дароварда шуд, ки он имкон дошт 80 нафарро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намояд.
***
5 сол пеш, 24 августи соли 2012 дар доираи сафари расмии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон миёни КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва Корхонаи коркарди нафти Туркменбошӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
24 августи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принсипи инсондӯстии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ба имзо расониданд.
24 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Украина – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи неруҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ.
***
Дар Либерия – Рӯзи парчам.
РӮЙДОДҲО:
24 августи соли 2010 дар ҷамоати деҳоти «Гулшан»-и ноҳияи Фархор фабрикаи ресандагӣ ба истифода дода шуд.
***
24 августи соли 1936 дар Олмон хизмати ҳарбии дусола ҳатмӣ гардид.
***
63 сол муқаддам, 24 августи соли 1954 дар ИМА ҳизби коммунистӣ баста шуд.
***
24 сол пеш аз ин, 24 августи соли 1993 Шӯрои амнияти СММ аз Арманистон даъват ба амал овард, ки ҷангиёни худро аз ҳудуди Озарбойҷон барорад.
***
24 августи соли 2002 дар Иордания қароре қабул карда шуд, ки истифодаи парчами давлатиро бо мақсадҳои рекламавӣ манъ мекард..
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1999 аввалин парвози ҳавопаймои ТУ-154 миёни Душанбе-Мюнхен роҳандозӣ шуд.
***
Соли 2010 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аввалин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гашт.
***
Соли 1995 фурӯши расмии низоми амалиётии Windows 95 оғоз гардида буд.