ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 25 август, ҷумъа, 237-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 128 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 25, 2017 09:57

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

25 августи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ расман ба истифода дода шуд.

***

25 августи соли 2006 дар хотимаи Форуми байнипарлумонии  «Тоҷикистону Россия: дурнамои ҳамкории минтақавӣ» 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

***

7 сол пеш аз ин,  25 августи соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ сафар карда, дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиии моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфта буд, иштирок карданд.

***

25 августи соли 2011 дар  шаҳри Душанбе Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – «Пешвои асри 21»-ро тақдим карда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

25 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Уругвай – Рӯзи истиқлолият

***

Дар Парагвай – Рӯзи Конститутсия

***

Дар Бразилия – Рӯзи афсарон.

 РӮЙДОДҲО:

25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе  дар остонаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз аз як иншооти муҳим — муҷассамаи Нишони давлатӣ  бо баландии 45 метр пардабардорӣ карда шуд.

***

 25 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии  серӯзаи «Бехатарии сейсмикии кишварҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардида буд.

***

25 августи соли 1825 Уругвай мустақилияти худро аз Бразилия эълон кардааст.

***

25 августи соли 1912 дар Хитой ҳизби Гоминдан («Ҳизби давлати мардумӣ») таъсис дода шуд.

***

72 сол муқаддам, 25 августи соли 1945 дар Ветнам Кумитаи давлатии амният таъсис дода шудааст.

***

25 августи соли 1960 дар Рим (Италия) бозиҳои XVII тобистонаи олимпӣ оғоз гардида,  11 сентябр ба анҷом расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1978 дар Испания ҳукми қатл дар замони осоишта бекор карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1924 дар Самарқанд аввалин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» нашр шуда буд.

***

 Соли 1919 аввалин маротиба дар таърихи дунё хатсайри ҳавоии  мунтазами  Лондон-Париж роҳандозӣ карда шуд.

Август 25, 2017 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст