ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 26 август, шанбе, 238-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 127 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 26, 2017 11:03

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

26 августи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Stop-depression-now.com миёни Тоҷикистону Афғонистонро расман ифтитоҳ намуданд.

***

6 сол пеш аз ин, 26 августи соли 2011 роҳи мошингарди Душанбе — Рашт — Ҷиргатол — сарҳади Қирғизистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

26 августи соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароити пас аз тармиму навсозии куллӣ муҳайёгардида ва хизмати афсарону сарбозони он бевосита шинос шуда буданд. Сарвари давлат дар назди ҳайати шахсии қисми низомӣ суханронӣ карда, Қӯшунҳои дохилиро чун як шохаи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар «сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ» номида буданд.

***

26 августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе бизнес форуми «Тоҷикистон –Эрон» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе баргашт, ба ҳузур пазируфта,  ба ӯ 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуданд, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида буд.

26 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Аргентина — Рӯзи актёрон.

***

Дар Намибия – Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар ИМА – Рӯзи баробарҳуқуқии занону мардон.

РӮЙДОДҲО:

26 августи соли 1926 дар Италия клуби футболи «Фиорентина» таъсис дода шудааст.

***

26 августи соли 1982 дар Аргентина манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бекор карда шуд.

***

26 сол муқаддам, 26 августи соли 1991 Парлумони Молдова декларатсия оид ба истиқлолияти ин кишварро қабул намуд.

***

26 августи соли 2015 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе дар мавзӯи  «Тағйирёбии иқлим ва механизмҳои мутобиқатшавӣ» конфронси минтақавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вазъияти тантанавӣ Дилшод Назаровро барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ- Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида буданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

  Соли 1867  дар Париж аввалин конгресси байналмилалии тиббӣ баргузор гардидааст.

***

Соли 1955 шабакаи телевизионии NBC аввалин маротиба дар ҷаҳон пахши рангаи гузориш аз мусобиқаи теннисро ба роҳ мондааст.

 

 

Август 26, 2017 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш