ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 27 август, якшанбе, 239-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 126 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
27 августи соли 2008 дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқот карда буданд. Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуда буд.
***
9 сол пеш аз ин, 27 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе пас аз натиҷаҳои гуфтушунид миёни намояндагони Тоҷикистону Хитой дар ҳайати васеъ 13 санад ба имзо расонида шуд.
***
27 августи соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро шуниданд. Пешвои миллат оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш дода буданд, ки ҳарчи зудтар ба мардуми осебдида кумаки зарурӣ ва саривақтӣ расонанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуда буданд.
***
27 августи соли 2013 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ шуда буд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардида буд.
27 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — Рӯзи ангиштканон.
***
Дар Россия – Рӯзи кино.
***
Дар Молдова – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
27 августи соли 2013 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шудааст.
***
27 августи соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 13-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили дуҷониба доир гардида буд.
***
106 сол муқаддам, 27 августи соли 1911 дар Россия клуби футболи ЦСКА ташкил гардидааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1935 дар Иёлоти Техас зимни раъйпурсӣ бештари аҳолӣ барои аз байн бурдани қонуни зидди машрубот овоз доданд.
***
27 августи соли 1959 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қароре қабул гардид, ки хатмкунандагони мактабҳо бо медал сарфароз гардонида шаванд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1946 дар аввалин конгресси умумиҷаҳонии донишҷӯён дар Прага Иттифоқи байналмилалии донишҷӯён таъсис дода шудааст.
***
Соли 1955 аввалин ҷилди китоби «Рекордҳои Гиннес» нашр шудааст.