ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 3 август, панҷшанбе, 215-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 150 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
3 августи соли 2011 дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди корхонаи муштараки «Зарафшон» коргоҳи нави заршўӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он дар як шабонарўз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо ҷудо кунад.
***
6 сол қабл, 3 августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 20–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хатнасури дастаҷамъонаи 100 нафар писарчаҳои дўстрў аз оилаҳои бесаробон ва камбизоати шаҳри Панҷакент ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
***
3 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири вақти ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд. Ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
***
2 сол қабл, 3 августи соли 2015 сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи навашро бо забони арабӣ фаъол намуд. Дар айни замон тарҳи мазкур ба монанди тарҳҳои сомона ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ бо назардошти сохти навтарини сомонасозӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилаии сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Тоҷикистон Дидйе Леруа масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи ҳарду кишвар, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.
3 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Нигерия – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
3 августи соли 1795 Консерваторияи Париж таъсис дода шуд.
***
3 августи соли 1922 Радиои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон таъсири садоро (радиоэффект) истифода бурд.
***
87 сол муқаддам, 3 августи соли 1930 Иттиҳоди Шӯравӣ ва Италия созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1952 дар пойтахти Финландия – шаҳри Хелсинки маросими ба итмом расидани бозиҳои XV олимпии тобистона баргузор гардид.
***
61 сол қабл аз ин, дар ин рӯзи соли 1956 дар Сурия табаддулоти ҳарбӣ ба вуқӯъ пайваст.
***
3 августи соли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими хотимаёбии бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1926 дар майдони Пиккадилли аввалин маротиба дар Лондон чарғаки роҳ (светофор) насб гардидааст.
***
Соли 2002 аввалин маротиба дар Россия роҳи оҳани босуръат ба истифода дода шуд.