ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 30 август, чоршанбе, 242-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 123 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 30, 2017 10:56

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

30 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани нақби «Озодӣ» («Шар-шар»)  ва оғози навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуданд.

***

6 сол пеш, 30 августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 — метра, ки яке баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардида буд.

***

30 августи соли 2012 дар шаҳри Теҳрон зимни мулоқоти 16-уми сарони давлатҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд, дар баробари  23 президент, 3 шоҳ, наздик ба 80 роҳбари ҳукумат ва ё вазорат аз кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон ва намояндагони воломақом аз созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири вақти кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза — «Об, муҳити зист ва амният» баргузор гардида буд.

***

30 августи соли 2013 дар иҷлосияи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарори якҷоя оид ба баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қабул карда шудааст, ки он 6 ноябри соли 2013 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.


30 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон –Рӯзи конститутсия.

***

Дар Тотористон – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Туркия  — Рӯзи ғалаба.


РӮЙДОДҲО:

30 августи соли 2010 дар Тоҷикистон рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсии «АзияПлюс» нашрашро дар як ҳафта ду маротиба-рӯзҳои  душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монд.

***

 44 сол муқаддам, 30 августи соли 1973 дар Кения шикори  фил манъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1974  дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Югославия зиёда аз 150 нафар ба ҳалокат расиданд.


ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2013  дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аввалин форуми байналмилалӣ- иқтисодии «Имкониятҳои сармоягузории рушди Помир»  баргузор гардидааст.

***

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе нахустин Боғчаи байналмилалии «Малика» ифтитоҳ гардида буд.

Август 30, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст