ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 31 август, панҷшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 122 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 31, 2017 08:32

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

31 августи соли 1991 ҶШС Тоҷикистон номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.

***

7 сол пеш, 31 августи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонс масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону НАТО баррасӣ шуда буд.

***

31 августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700  — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  суханронӣ намуда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

 

31 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қирғизистон – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Молдова – Рӯзи миллии забон.

***

Дар Малайзия – Рӯзи истиқлолият.

 

РӮЙДОДҲО:

31 августи соли 2010 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуда буд, ки то 10 сентябри соли 2010 пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Инак 7 сол мешавад, ки ин пулҳо дар муомилот қарор доранд.

***

31  августи соли  2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маҷмааи муҳташами варзишӣ ба истифода дода шуд.

***

23 сол пеш аз ин, 31 августи соли 1994 хуруҷи неруҳои ҳарбии Россия аз Германия ба анҷом расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1913 дар Голландия клуби футболи «ПСВ» таъсис  ёфта буд.

***

31 августи соли 1919 дар Ирландия сензураи матбуот бекор карда шуд.

***

31 августи соли 1975 Фонди байналмилалии асъор қарор қабул намуд, ки тибқи он барои ҳисобҳои пулии байналмилалӣ пардохт намудани тилло рад карда шуд.  

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1920  корхонаи «Красное Сормово» аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намуди танки М («Русский Рено»)- ро истеҳсол кард.

***

Соли 1973 дар Япония аввалин мусобиқа миёни  гаронвазнҳо  баргузор гардида буд.

Август 31, 2017 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст