ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 август, ҷумъа, 216-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 149 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Август 4, 2017 10:54

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ вазирон ва соҳибкорони бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки таҳти сарварии Вазири маъданҳои ин кишвар Муҳаммад Одил Иброҳим ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

***

8 сол қабл, 4 августи соли 2009 миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо маблағи 27 миллион евро ба имзо расидааст.

***

  4 августи соли 2013 дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ иштирок намуданд. Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом қариб аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 11 нафар роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба ҳам омада буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун шинос шуданд.

4 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.

***

Дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ.

***

Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

4 августи соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи расмии намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон иштирок намуданд.

***

Инчунин 4 августи соли 1870 аввалин мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Олмон ба анҷом расида буд.

***

83 сол муқаддам, 4 августи соли 1934 Иттиҳоди Шӯравӣ ва Булғория муносибати дипломатӣ барпо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1942 дар Канада  дар фурӯши чой ва қаҳва маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

***

54 сол қабл аз ин, 4 августи соли 1963 Бонки рушди Африқо таъсис дода шудааст.

***

4 августи соли 1993 Парлумони Молдова оид ба ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳалнома қабул кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1944 аввалин санҷиши ҳавопаймоҳои реактивии Англия — Gloster Meteor гузаронида шудааст.

***

Соли 1976 дар Лондон аввалин мусобиқаи чирчирак миёни дастаҳои занона баргузор гардида буд.

Август 4, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 266-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 265-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, ҷумъа, 264-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, панҷшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, чоршанбе, 262-юмин рӯзи соли 2024 аст