ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 5 август, шанбе, 217-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 148 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
5 августи соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расиданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» ва «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
***
5 августи соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон изҳороти матбуотӣ баён намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бахусус сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва хатти 500-киловолтаи Тоҷикистон – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳадро барномаҳои афзали ҳамкории сеҷониба бо ҷалби васеи сармоягузории хориҷӣ арзёбӣ менамоем. Ва бар онем, ки бо назардошти аҳамияти ҳаётии онҳо барои ҳамаи мо омодасозӣ ва сохтмони онҳо суръати матлуб касб намояд».
***
7 сол қабл, 5 августи соли 2010 Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқоти дуҷониба доир намуданд. Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуда, аҳамияти ҳаётии ҳамкории амниятию сарҳадии ду кишвар таъкид гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои уламои мамлакат барои иштирок дар маъракаҳои шахсони мансабдор эродҳои ҷиддӣ гирифта, супориш доданд, ки дар ҳама ҳолат бояд паҳлӯи мардуми бечора ва мусибатзада бошанд ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд.
5 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳ (светофор).
***
Дар Хорватия – Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати ватан.
РӮЙДОДҲО:
5 августи соли 2009 ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон дар миёни 203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гашт.
***
5 августи соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки маҳсулотбарории Тоҷикистону Кипр «Стар Мост» ба фаъолият оғоз кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Амфитеатр ба истифода дода шуд.
***
131 сол муқаддам, 5 августи соли 1886 дар ИМА аввалин шумораи рӯзномаи «Америка» бо забони украинӣ нашр шудааст.
***
5 августи соли 1914 Куба, Уругвай, Мексика ва Аргентина нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1924 дар Туркия бисёрзанӣ манъ карда шуд.
***
91 сол пеш, 5 августи соли 1926 Франсия ва Олмон созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.
***
Инчунин дар ин рӯзи соли 1949 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Перу зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
5 августи соли 1999 Эквадор, Ирландия, Казоқистон, Малайзия ва Тунис барои беяроқгардонии кишварҳояшон ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид шомил шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1891 аввалин маротиба дар Америка расиди сафарии «американ экспресс» ба роҳ монда шудааст.
***
Соли 1967 аввалин албоми гурӯҳи «Пинк Флойд» нашр шудааст.