ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 август, якшанбе, 218-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 147 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
6 августи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаевро, ки барои иштирок дар нахустин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфтанд. «Қирғизистон барои Тоҷикистон дӯсти содиқ ва шарики боэътимод аст, ки бо он моро ҳазорон риштаҳои ногусастании дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи бисёрасра пайванд месозанд»,- изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
***
6 августи соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
3 сол пеш, 6 августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF), Раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Ассотсиатсияи генералии федератсияҳои варзишии GAISF Чанг УНГ-ро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот доир ба омодагӣ ва ҷараёни Чемпионати ҷаҳон доир ба таэквондо (ITF), ки он вақт дар Тоҷикистон идома дошт ва рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа гуфтугӯ сурат гирифта буд. Дар охири мулоқот ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» боздид ба амал оварданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ дидан карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд.
6 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.
***
Рӯзи байналхалқии “табибон барои сулҳ”.
***
Дар Россия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳанӣ.
***
Дар Баливия — Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Ямайка — Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
6 августи соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.
***
6 августи соли 1914 Хитой нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.
***
77 сол муқаддам, 6 августи соли 1940 Эстония ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1945 америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Япония бомбаи атомӣ партофтанд.
***
26 сол қабл, 6 августи соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.
***
6 августи соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шудааст, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном бароварда буд.
***
Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.