ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 7 август, душанбе, 219-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 146 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
7 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшида буданд, ки имрӯз ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги кишвар табдил ёфтааст.
***
7 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида буданд. Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ хизматҳои шоёни кормандони пешқадами соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.
***
3 сол пеш, 7 августи соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии таъсиси он сафар карда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуданд.
***
7 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.
7 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Кот-д’Ивуар- Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Карибати – Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Самоаи Ғарбӣ – Рӯзи меҳнат.
***
Дар Россия –Рӯзи алоқаи махсус ва иттилооти Хадамоти федеролии муҳофизон.
РӮЙДОДҲО:
7 августи соли 2016 дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои мунтахабаи “Истиқлол” ва “Ҳосилот” бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
***
7 августи соли 1840 дар Англия истифодаи меҳнати кӯдакон барои тоза кардани қубурҳо манъ карда шуд.
***
159 сол муқаддам, 7 августи соли 1858 шоҳзодаи Англис Виктория шаҳри Оттаваро ҳамчун пойтахти Канада эълон кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1954 конвенсияи Гаага «Оид ба ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ» ҳангоми амалиёти мусаллаҳона мавриди амал қарор дода шуд.
***
7 августи соли 1964 ИМА созишномаи Тонкинро, ки расман ҷангро ба муқобили Ветнам оғоз мебахшид, қабул карда буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1959 моҳвораи Explorer VI –и Америка аввалин маротиба расми худро аз космос ба замин равон кард.
***
Соли 1970 аввалин мусобиқаи шоҳмот ба воситаи компютер гузаронида шудааст.