ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 9 август, чоршанбе, 221-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 144 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
9 августи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд. Шоҳ Пумипон Адунядед ба талошу заҳматҳои башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди суботу амнияти Осиё ва кулли сайёра баҳои баланд дода, зикр намуд, ки баҳри вусъати ҳамкории бобарору стратегӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амиқу бетаъхир меандешад.
***
9 августи соли 2008 зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Рачендра Абхаянкар ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва вазъи минтақа муҳокима гардида буд.
***
9 сол пеш аз ин, 9 августи соли 2008 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ифтитоҳи Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпии Пекин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд. «Иштироки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои 29-уми олимпӣ шаҳодати возеҳи болоравии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, афзоиши дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва қабл аз ҳама, имкони волои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон миёни беш аз 200 кишвари дунё мебошад»,- изҳор дошта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» оғоз гардида буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти ҳадафи шашуми рушди устувор, ки ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст, ибрози назар карда, таъкид намуда буданд, ки ин ҳадаф дар баробари зарурати таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад.
9 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.
***
Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.
***
Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.
***
Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.
РӮЙДОДҲО:
9 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон маркази Минтақавии тавонбахшии кўдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфтааст.
***
9 августи соли 2007 дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонӣ FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд.
***
9 августи соли 1893 дар Италия Бонки миллӣ таъсис дода шудааст.
***
105 сол муқаддам, 9 августи соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия 6000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40000 нафар бе сарпаноҳ монданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1968 Конгресси ИМА Раёсати савдои ин кишварро дастур додааст, ки масъалаи ҷорӣ намудани системаи метриро омӯзад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ….
Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.
***
Соли 1992 дар Барселона маросими пӯшида шудани бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.