«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» — намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 16, 2017 16:19

ДУШАНБЕ,  16.08.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон»  намоиш баргузор гардид. Намоиши мазкур ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шуда, бо иштироки доираи васеи тамошобинон доир гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни намоиш хабар дод, дар он 30 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури кишвар, ки дар хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуданд, ба намоиш гузошта шуд.

Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои диёр- дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорони сарзамини моро ҳамчун сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ кардаанд. Ҳамзамон дар намоиш филми «Тоҷикистон- кишвари обҳои равонбахш» пешниҳоди тамошобинон гардид.

Ёдовар мешавем, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.

Намоиши мазкур то 16 сентябри соли равон идома меёбад.

Август 16, 2017 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад