ТАВАҶҶУҲ, ЯРМАРКАИ ЛИБОСУ ЛАВОЗИМОТИ МАКТАБӢ! Дар дилхоҳ коргоҳи дӯзандагӣ метавон барои либосҳои мактабӣ гул ё рамз фармоиш дод
ДУШАНБЕ, 4.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар Тоҷикистон аз аввали моҳи август оғоз гардида, то охири моҳ идома меёбад.
Ба иттилои сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзода Қаюмова, дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши лавозимоти мактабӣ якуми август бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баргузор гардид. Тибқи нақша он то 8 август дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки баргузории намоиш–фурӯши лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе низ бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нав 27 июл дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» оғоз гардид ва он то 28 август ҷараён мегирад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар намоиш – фурӯши либосҳои мактабӣ аз 14 корхона ва коргоҳҳои дӯзандагӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик, «Нафиса», ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» ва дигар корхона ва коргоҳҳои дӯзандагӣ, ки ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғуланд, маҳсулот ба фурӯш гузошта мешаванд.
Соли 2016 аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо назардошти бахши хусусӣ, тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 7 ҳазор адад либоси мактабӣ истеҳсол гардид. Соли равон дар ҳаҷми 8 милиону 300 ҳазор сомонӣ либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст.
Ба таъкиди Шаҳзода Қаюмова, истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ ва бачагона яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва дар ин замина, барои ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.
Зикр гардид, ки дар Намоиш–фурӯши либосҳои мактабӣ либосҳое ба фурӯш гузошта мешаванд, ки аз корхонаҳои ватанӣ буда, аз молҳои хориҷии воридшаванда ба куллӣ фарқ менамоянд ва нисбат ба онҳо хеле сифати хуб дошта, нархашон низ арзонтар аст.
Ба гуфтаи Шаҳзода Қаюмова, ҳоло ҳамкории корхонаҳои дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ боз ҳам қавитару устувортар гардида, он ба таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ мусоидат менамояд. Ҳоло ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонад дар дилхоҳ коргоҳи дӯзандагӣ мувофиқ ба мактаби худ дар либосҳо гул ё ягон рамз фармоиш диҳад, то аз дигар мактабҳо фарқ дошта бошад.
Бояд гуфт, ки баргузории намоиш – фурӯши лавозимоти мактабӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар давоми моҳи август бо иштироки намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар назар дошта шудааст. Акнун дар қаламрави кишвар имкон фароҳам аст, ки волидон бе ягон мушкилӣ аз худи муассисаҳои таълимӣ барои фарзандони худ либоси сифатан хуб ва дорои нархи дастрас дарёфт намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» яке аз коргоҳҳое мебошад, ки дар самти коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (дӯзандагӣ) фаъолияти истеҳсолӣ дорад. Корхона имконият дорад, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагиро ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ бо матоъ таъмин намояд. Иқтидори солонаи корхона доир ба истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва омехта зиёда аз 25 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Инчунин таъкид гардид, ки ҶСК «Гулистони Душанбе» низ метавонад дар ин соҳа саҳми сазовор гузорад, зеро иқтидори истеҳсолии корхона 12 миллион сомониро дар як сол ташкил медиҳад.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






