«Тоҷик Эйр» нисбат ба соли гузашта бештар мусофир интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 01.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» дар шаш моҳи соли равон қариб ба 160 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки ин нишондод 107%-ро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин ширкат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 700 нафар бештар мусофир интиқол додааст.
Аз ширкати «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки афзоиши ҳаҷми интиқоли мусофирон нисбат ба соли гузашта дар натиҷаи самаранок истифода бурдани иқтидори ҳавопаймоҳо, яъне афзоиши бандкунии курсиҳо ба 2,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба даст омадааст. Ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар ин муддат беш аз 460 тонна бору почта интиқол додааст, ки зиёда аз 110 тоннаи онро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.
Алҳол ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро дар хастсайрҳои байналмилалӣ ба Ҳиндустон, Эрон, Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом медиҳанд. Инчунин аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои дохилӣ ба марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Бадахшон ба роҳ монда шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






