«ТОҶИКИСТОН – САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ!». АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави ҳамкориро ба роҳ андохтанд

Август 12, 2017 11:15

ДУШАНБЕ, 12.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муштраки  ҳамкориро  ба роҳ андохтанд.

Тибқи шартномаи ҳамкории ба имзорасида,  дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар»  (www.khovar.tj)  ва Радиои «Ховар FM» рубрикаи нав тахти унвони «Тоҷикистон –сарзамини сайёҳӣ» боз карда шуд. Ин тадбир бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди соҳа амалӣ мегардад.

Тибқи  лоиҳаи мазкур минбаъд АМИТ «Ховар» дар ҳамбастагӣ бо масъулони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ, нуқтаҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ, ки барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибанд, мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, аз қабили қуллаҳои осмонбӯси Помир, дараҳои зебоманзар, ба мисли Варзобу Ромит, Балҷувон, қалъаи Ҳисор,  кӯлҳову дарёҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Сарез»-у «Ҳафткӯл», «Искандаркӯл», пиряхҳову чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон, истироҳатгоҳҳо ва обҳои шифобахш, меҳмонхонаҳои Тоҷикистон, мавзеъҳои беҳтарини шикор, таассуроти сайёҳони хориҷӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ ва амсоли онҳо мавод таҳия намуда,  тавассути рубрикаи махсус дар сомонаи агентӣ ва тавассути радио онро тарғибу ташвиқ менамояд.

 

Август 12, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд